Рамаҳоро дигар аз ҳудуди пойтахт убур намекунонанд
Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд аз ҳудуди пойтахт убури рамаҳо ба чарогоҳҳои мавсимӣ қатъиян манъ карда шуда, дар ин хусус ба унвонии идораю ниҳодҳои марбута аз ҷониби шаҳрдорӣ маълумотномаи расмӣ фиристонида мешавад. Ин матлаб зимни баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зикр гардид.
Дар иҷлосия Насрулло Хайруллоев- муовини аввали раиси шаҳри Душанбе доир ба ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он дар ҳудуди пойтахт парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст, гузориш дод. Вакилони шаҳрӣ фаъолияти анҷомдодаи муовини аввали раиси шаҳр ва дигар ниҳодҳои марбутаи назоратии пойтахтро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муовини аввалаш Насрулло Хайруллоев, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои масъули назорати давлатӣ бобати саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, то 1 январи соли 2014 муҳлат дод. Ҳамзамон барои ислоҳи вазъ ба сардухтурони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ З. Авғонов ва Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе Б. Қармишев то 1 декабри соли 2013 муҳлат муқаррар гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






