Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ хабар медиҳад
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати БДА ВКД ҶТ хабар доданд, аз аввали соли ҷорӣ то имрўз дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 1085 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 345 нафар ба ҳалокат расида, 1204 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд.Аз 30 сентябр то 06 октябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 30 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида, 33 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. 30 сентябри соли равон дар ноҳияи Бохтар мошини тамғаи «ДЭУ-Сиелло» таҳти идораи ронанда Эмомҷон Ҷалолов ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти ноҳияи Вахш, дар деҳаи Ворошилов, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба ҷӯйбори канори рости роҳ чаппа мешавад. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






