Сӯҳбати Сафири Тоҷикистон бо Вазири маорифи Туркманистон

Октябрь 1, 2013 12:51

Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон чанде пеш Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Абдураҳим Ашӯр бо Вазири маорифи Туркманистон Гулшат Мамедова сӯҳбат намуд. Ҷонибҳо дар ҷараёни сӯҳбат вазъу дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар бахши маориф, ҳамчунин масоили ҳамкории ҳар ду кишварро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Октябрь 1, 2013 12:51

Хабарҳои дигари ин бахш