Сабукиҳо ба «Барқи Тоҷик» барои ворид кардани мазут
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» илова ворид намуд. Тибқи он ширкати саҳҳомию холдингии «Барқи Тоҷик» ҷиҳати ворид намудани 35 000 тонна мазути сулфаткунонидашуда барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз пардохти андози аксизӣ озод карда мешавад, ки маблағаш 1, 5 миллион сомониро ташкил медиҳад, гуфт дар назди вакилони Парлумон вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ҳамзамон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» (марҳилаи 3) баррасӣ ва тасдиқ гардид.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






