Сабукиҳо ба маҳбусони якумра
Душанбе, 10 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Тоҷикистон ба маҳбусоне, ки дар ҳабси якумра қарор доранд, сабукиҳо дода мешавад. Дар ин росто Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи он маҳбусоне, ки дар ҳабси якумра қарор доранд, дар як сол ҳуқуқ доранд, чор баста-дастовез, чор фириста гиранд ва бо хешу ақрабо ду маротиба мулоқот намоянд. Дар Кодекси амалкунанда маҳбусони номбурда дар давоми сол танҳо ба гирифтани ду баста ё дастовез, ду фириста ва як мулоқоти кӯтоҳмуддат ҳуқуқ доштанд. Акнун тибқи тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур теъдоди гирифтани бастаю фириста ду маротиба афзош дода мешавад.
Рустам Менглиев -вазири адлияи кишвар зимни ташреҳи масъалаи мазкур дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат гуфт, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими тартиби монондани маҳкумшудагон барои корҳои хизматрасонии хоҷагӣ дар муассисаҳои муолиҷавӣ ва имконияти бештари ҷалби маҳкумшудагон дар корҳои ёрирасон ва таъминоти муассисаҳо бо озуқаворист. Бо ин мақсад тағйирот ба моддаи 76, 83, 91, 99, 110 ва 137 -и Кодекс пешниҳод гардидааст. Ҷиҳати таъмини интизом ва таъсирнок гардонидани корҳои тарбиявӣ бо маҳкумшудагон дар моддаи 91 лоиҳа шарти пешниҳоди мулоқоти дарозмуддат бо хешу ақрабо ё дигар ашхос тағйир дода мешавад, афзуд вазир. Ҳамзамон Рустам Менглиев таъкид кард, ки дар моддаи 126-и Кодекс имконияти меҳнати маҳкумшудагон берун аз қаламрави муассисаи ислоҳии сукунат пешбинӣ мегардад.
Дар моддаи 134 эзоҳи 1-и Кодекс имконияти бештари баргузории мулоқот бо хешу ақрабо, гирифтани бастаҳо ва фиристаҳо аз ҷониби маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъйин шудааст, пешбинӣ гардидааст.
Ҳамзамон Маҳмадалӣ Ватанов- вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, ки бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкур як силсила моддаҳои он такмил дода шудааст. Мавсуф афзуд, ки аз 28 таклифу пешниҳоде, ки ба Кодекси мазкур ироа гардида буд, 27- тоаш пазируфта шуд.
Рустам Менглиев зимни суҳбат дар ҷамъи хабарнигорони парлумонӣ гуфт, ки имрӯз дар муассисаҳои ислоҳии кишвар зиёда аз 10 ҳазор маҳбусон нигоҳ дошта шуда, шумораи маҳбусоне, ки ҳукми якумраро гирифтаанд, беш аз 50 нафар ва теъдоди занони маҳбус дар Тоҷикистон беш аз 250 нафарро ташкил медиҳанд.
Дар посух ба саволе, ки дар мавриди расонидани баста ба маҳбусон баъзан шикоят вуҷуд дорад ва на ҳамаи бастаҳо ба маҳбусон расонида мешаванд, вазир гуфт, чунин хабарҳо ҳам ба мо мерасанд, вале тартиб вуҷуд дорад, ки тибқи он на ҳамаи молу ашё, ки номгӯи онҳо муайян шудааст, мумкин аст, ки ба маҳбусон расонида шавад. Дар масъалаи мулоқоти дарозмуддати маҳбусон бо хешу ақрабо вазир гуфт, ки он аз рафтори худи маҳкумшуда вобаста аст. Ҳастанд маҳбусоне, ки қоидаҳои дохилиро дар муассисаҳои ислоҳӣ риоя намекунанд, вале боз ҳастанд маҳкумшудагоне, ки қоида ва тартибу низомро риоя мекунанд. Дар ин маврид агар маҳбус рафтори намунавӣ дошта бошад, ба муддати се рӯз бо наздикони худ мулоқот менамояд, агар вайрокунандаи тартиботи дохилии муасисаи ислоҳӣ бошад, он як рӯз пешбинӣ мешавад. Дар мавриди ба ивази маблағ мулоқот намудани маҳбусон бо пайвандонаш дар маҳбасхонаҳо, вазир гуфт, ки ростӣ чунин суханҳо буданд, вале вақте ки мо тафтиш кардем, тасдиқи онро наёфтем. Мо ҳуқуқшинос ҳастем ва дар ҳар як масъала бояд далел дошта бошем, афзуд вазири адлия.








Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






