Сабукиҳо ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ
Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Парлумони Тоҷикистон 17 октябр ба Кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи он соҳибкорони ватанию хориҷие, ки ба Тоҷикистон техникаи таъйиноти кишоварзӣ ва маснуоти такмили онҳоро, ки маҷмӯи ягонаи технологияро ташкил менамояд, ворид месозанд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.
Ҳамзамон тибқи ин тағйиру иловаҳо воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳо, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъйиноти мудофиавӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ озод мешаванд.
Руҳуллоҳ Ҳакимов-муовини вазири молияи кишвар, ки ин масъалаҳоро дар назди вакилони Парлумон шарҳ медод, гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумруки кишвар бо мақсади ҳавасмандгардонии соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар мавриди ворид намудани техника ва дигар маҷмӯи технология ворид шудааст. Мавсуф афзуд, ки тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки нофаҳмиҳо ҳангоми пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани таҷҳизот ва техникаи мазкур аз байн бурда шавад. Инчунин тағйиру иловаҳо ба ин кодексҳо шароит фароҳам меоранд, то дар кишвар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, барои ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳои дохилӣ манбаъҳои иловагӣ ба вуҷуд оянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






