Садамаи қатораи Тоҷикистон дар роҳи оҳани Ӯзбекистон
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).-Дар садамаи қатораи роҳи оҳани «Душанбе-Конибодом-Душанбе», ки субҳи имрӯз, 10 октябр дар вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ба вуқуъ пайваст, 33 нафар наваскар ҷароҳати сабук бардоштааст.
Тавре ки дар ин бора аз маркази матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд, дар қатора беш аз 200 наваскарон ва афсарони қӯшунҳои Тоҷикистон буданд.
Алҳол ба ҷабрдидагон кӯмаки аввалин расонида шудааст. Дар бораи ҳалокшудагон ягон хабаре нест. Вобаста ба ин комиссияи махсус ташкил шуда, сабабҳои садама муайян карда мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






