Сафари расмии Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон

Октябрь 18, 2013 13:57

Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 21-уми октябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. 
Гуфта мешавад, дар ин сафар Ҳомид Карзай бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва мулоқот хоҳад кард. 
Ҳамчунин  дар назар аст, Карзай дар  доираи ин сафараш ба Душанбе бо раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров мулоқот анҷом диҳад.  

Октябрь 18, 2013 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш