Сафари тирандозони тоҷик ба Теҳрон
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Дастаи мунтахаби тирандозони Клуби ҷумҳуриявии варзишии тирандозони Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ (ТҶММ) ҷиҳати иштирок дар дар чемпионати Осиё оид ба тирандозӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд. Ба ин даста 5 нафар варзишгари ҷавон ва мураббии онҳо Олег Набиев шомиланд. Барои омодагӣ ба ин чемпионат варзишгарони тоҷик дар клуби ҷумҳуриявии варзишии ТҶММ давраи пурраи тамринотро гузаштанд. Ташкилот тасмим гирифтааст, минбаъд дастаи мунтахаби тирандозони Тоҷикистонро аз ҳисоби варзишгарони ҷавону умедбахш пурра намояд. Бо ин мақсад ТҶММ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ толорҳои варзишии тирандозӣ ва маҳфилҳои варзишии тирандозиро дар доираи «Барномаи давлатии тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва рушди намудҳои ҳарбӣ-амалии варзиш байни наврасон ва ҷавонони синни даъватӣ ва то даъватии ҶТ барои солҳои 2012-1015» фароҳам овардааст.
Дар ин бора котиби матбуотии ТҶММ ҶТ Абдурақиб Қодиров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






