Сайри боғи Бадахшон
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар боғи наздикии фурӯдгоҳи Хоруғ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишҳои бошукӯҳи кишоварзию фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар маърази ин намоишгоҳи бузург намунаҳои тамоми маҳсулоти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла меваю сабзавоти гуногун, аз қабили себ, нок, чормағз, тут, картошка, каду, помидор, гиёҳҳои сершумори шифобахш ва дорувории аз он омодашуда, анвои гуногуни нону кулча ва шириниҳои маҳаллӣ ба назар мерасид. Беш аз ҳама Кӯҳистони Бадахшон, албатта бо себҳои хушлаззаташ, ки 67 намуди он дар ин вилоят парвариш меёбад, картошкаи бенуқсон ва гиёҳҳои шифобахши худ шуҳрат дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкоризани ванҷӣ Васила Ғафурова, ки бо дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахши Бадахшон машғул аст, як миқдор доруворӣ харидорӣ намуд. Тавре зикр гардид, дорувории ин зани ташаббускори тоҷик, хусусан равған ва шарбати ангат то ба давлатҳои Аврупо содир карда мешавад.
Чунонки аён гардид, коркарди саноатии меваю сабзавоти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ васеъ ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти онҳо, аз ҷумла меваи хушк, чормағз, тут ва ғайра бо бастабандии муосири ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯй ба хориҷи кишвар содир мегардад. Иттилоъ доданд, ки ҳалво ва тутпиз, ки аз тути хушлаззати ноҳияҳои Бадахшон омода шуда, дар коргоҳҳои хурди шаҳри Хоруғ чун шакалад бастабандӣ мешавад, дар Туркия, Италия, Олмон ва дигар кишварҳо аллакай бозори худро пайдо намудааст.
Қисмати муҳим ва ҷолиби ин намоишҳо, албатта бахши фарҳангии он буд, зеро Бадахшон ҳамчунин бо санъати волои мусиқӣ ва рақсу сурудҳои дилнавозаш шуҳрати зиёд дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дидани ин ҳама маҳсулоти хушлаззату бенуқсони кишоварзӣ ва намоишҳои фарҳангии мардуми хушсалиқаи Бадахшон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои ҳифзи ин ҳама зебоию сарватҳо ва афзоиши бештари онҳо ба масъулин дастур ҳидоятҳо дод.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






