Семинар оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 31 октябр.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Понздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳифзи сарҳадоти сарҳади давлатии ҶТ дар семинари серӯза оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ ширкат намуданд. Семинари мазкур аз ҷониби Барномаи БОМКA (сарпарасташ — Иттиҳоди Аврупо, амаликунанда — БРСММ) дар ҳамкорӣ бо Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират 30 октябр дар Душанбе баргузор гардид..Тавре ки аз Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, системаи аврупоии ҳифзи ҳуҷҷатҳо дар асоси системаи сезинагии комплексии ҳифзи ҳуҷҷатҳо тартиб дода шудааст. Дар чорчӯбаи барномаи БОМКA, дар моҳи апрели соли ҷорӣ семинар барои кормандони зинаи дуюм баргузор гардид. Кормандони салоҳиятдори назорати марзӣ, ки дорои таҷриба ва дониши кофӣ оид ба бехатарии ҳуҷҷатгузорӣ (усулҳои асосии чоп кардан, элементҳои ҳифзи ҳуҷҷатҳо, ба тартибдарории ҳуҷҷатҳо) мебошанд, аллакай аз семинар доир ба кори амалӣ бо ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳои воқеӣ гузаштаанд.Семинари зинаи баландтар, ки дар ҳафтаи ҷорӣ баргузор гардид, ба фаҳмонда додани тартиботи таъмини назорати ҳуҷҷатҳо аз ҷониби кормандони зинаи сеюм (баландтар), ки онҳо назорати корҳои кормандони зинаи дуюмро низ амалӣ мекунанд, бахшида шудааст. Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва ҳамлу нақл ва ҳамчунин пешгирии убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






