Семинари омӯзишии ЮНЕСКО дар Душанбе
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО доир ба дастгирии сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар ва натиҷагирӣ аз вохӯрӣ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова дар шаҳри Душанбе семинари омӯзиширо дар мавзӯи «Дастрасии донишҳои илмӣ тавассути технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ» 17-19 октябри соли ҷорӣ баргузор намуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи давлатии патентию техникии ҶТ иттилоъ доданд, дар семинари омӯзишӣ мавзуъҳои рӯзмарра, аз қабили тарзи дурусти истифодаи ТИК дар тарғибу таблиғи китобу китобдорӣ, баланд бардоштани маърифати китобдорӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти имрӯза ва омода намудани коршиносони ватанӣ дар тартиб додани лоиҳаҳо барои солҳои 2014-2015 дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ гардиданд.
Семинар дар мавзӯи «Дастрасии донишҳои илмӣ тавассути ТИК» дар маҷлисгоҳи «Гулистон-тур» баргузор гардид. Дар семинар 45 нафар коршиносу намояндагони вазорат ва идораҳои дахлдор, роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии вобаста ба ТИК ширкат варзиданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






