Шиносоӣ бо рафти сохтмони корхонаи коркарди сангҳои ороишии сохтмон
Душанбе, 8 октябр (АМИТ «Ховар»).-Дар мавзеи Даштаки ноҳияи Дарвоз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони корхонаи коркарди сангҳои ороишии сохтмон бевосита шинос шуд.Тавре зикр гардид, ноҳияи Дарвоз дорои конҳои зиёд ва захираи фаровони мармар ва дигар сангҳои ороишии сохтмонӣ ва бунёди ин корхона яке аз қадамҳои нахустин барои ба роҳ мондани коркарди онҳо бо технологияи пешрафтаи муосир мебошад. Коркарди сангҳои ороишӣ дар ин корхона бо технологияи навтарини италиявӣ ва олмонӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин корхона мармари сафед, мармари сурх ва дигар сангҳои ороишӣ коркард шуда, беш аз 15 намуд маҳсулот тавлид меёбад.Бунёди ин корхона моҳи июли соли равон оғоз ёфта, дар то имрӯз беш аз 12 миллион сомонӣ масраф шуда, то 160 нафар бинокорон бо кор ҷалб шудаанд. Тибқи нақша, навбати аввали он бо 150 ҷойи корӣ ва иқтидори коркарди 700 метри мураббаъ санг дар як шабонарӯз то Навӯзи соли 2014 бояд ба кор дарояд. Оянда иқтидори корхона афзун гардида, шумораи коргарон то 250 нафар расонда хоҳад шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






