Шиносоии мушоҳидони ИДМ бо маъракаи интихоботӣ
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш мулоқоти муовини аввали раиси Кумитаи иҷроия – Муншии иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун бо роҳбари намояндагии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Бадеску баргузор гардид. Ҷонибҳо ба якдигар дар бораи принсипҳои кори намояндагиҳо иттилоъ дода, перомуни ҳамкории минбаъда мубодилаи афкор намуданд.
Намояндагони ҳайати мушоҳидони ИДМ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни маъракаи интихоботиро муҳокима ва доираи васеи масоили марбут ба фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро баррасӣ намуданд.
Тавре ки аз ситоди Ҳайати мушоҳидони ИДМ хабар доданд, дар ҷараёни омӯзиши маъракаи интихоботӣ Ситоди ҳайат ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол дошта, дар он хоҳиш намуд, ки аз ҷараёни баррасии шикояту аризаҳо дар мавриди қонуншиканӣ дар интихобот хабар дода шавад.
Мушоҳидони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо фаъолияти комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботии шаҳрҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат ва Қӯрғонтеппа шинос шуданд. Дар ҷараёни фаъолияти мушоҳидон ба масоили ташкили комиссияҳои қитъавӣ ва раванди ҷамъоварии имзоҳо баҳри дастгирии номзадҳои пешбаришуда ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






