Ширкати Русия дар Тоҷикистон нақб месозад
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии аҳли тиҷорати ҶТ бо гурӯҳи ширкати «Возрождение» — и Русия баргузор гардид. Роҳбари ширкати мазкур Игор Буката зимни суханрониаш зикр намуд, ки ширкати «Возрождение» дар Тоҷикистон ба бунёди пулу нақбҳо ва сохтмону таҷдиди роҳҳои нақлиётӣ машғул мешавад. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ хабар доданд, дар ояндаи наздиктарин корхонаи муштараки Русияю Тоҷикистон дар ин бахш бунёд мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






