Шурӯи фаъолияти дубораи «Суғдиён»
Кӯлоб, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Суғдиён» дар шаҳри Кӯлоб ба истеҳсоли орд машғул аст ва солҳои тӯлонӣ таъмир нагардидани таҷҳизоту биноҳои он ба сифати маҳсулоти тайёр таъсири манфӣ мерасонид. Аз моҳи майи соли 2013 бо мақсади навсозӣ ва таҷдиди корхонаи «Суғдиён» Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Чумҳурии Точикистон сафарбар гардид ва бо фармоиши агентии мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ аз ширкати «Еркан макина»-и давлати Туркия дастгоҳҳои ҳозиразамони коркарди гандуми истеъмолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр харид шуданд. Дар айни замон васлу насби дастгоҳҳои мазкур, ки аз тариқи компютер идора мешаванд, аз ҷониби мутахассисони Туркия ва мутахассисони маҳаллӣ идома дорад. Дастгоҳҳои мазкур аз ҷиҳати истифодаи қувваи барқ нисбат ба таҷҳизоти пешин ду баробар камхарҷ мебошанд ва сифати маҳсулот низ беҳтар хоҳад шуд. Дар баробари насби таҷҳизот бо ҷалби беш аз 40 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ таъмиру навсозии биноҳо, тарозуҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот идома дорад. Дар рӯзҳои наздик корҳои васлу насби таҷҳизот ва таъмиру барқарорсозӣ анҷом ёфта, корхона ба фаъолият шуруъ хоҳад кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






