Созишномаи нави байни Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Ёддошти ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати Афғонистонро имзо намуд. Ин ҳуҷҷатро роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Мақсуд Зиёбоев ва раиси Раёсати равобити байналмилалии Палатаи савдо ва саноати Афғонистон Абдулқодир Баҳман имзо намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, имзои Ёддошт дар ҳошияи мизи мудаввари Форуми сеюми тиҷоратии Осиёи Марказӣ сурат гирифт. Дар кори мизи мудаввар намояндагони палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои аъзои форуми тоҷирон, Агентии содироту сармоягузорӣ, намояндагиҳои тиҷоратӣ, сафоратҳо, аъзои бахши хусусии мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Дар ҷараёни гуфтушунид бо ҳамтоёни афғон масоили ҷалби сармоя дар шимоли Тоҷикистон, доир намудани намоишгоҳу форумҳо ва рӯи кор овардани чорабиниҳои дигар бо иштироки соҳибкорони ҳар ду кишвар дар вилояти Суғд мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






