Таҳияи фарҳангу истилоҳоти соҳавӣ
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 5 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таҳияи фарҳангу истилоҳоти соҳавӣ-омили рушд ва татбиқи забони давлатӣ» баргузор мегардад. Дар назар аст, ки конфронсро вазири маорифи ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Н. Саидов ифтитоҳ бахшида, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, доктори илмҳои филология, профессор Д. Саймиддинов ҷамъомадагонро бо ид табрик мекунад. Дар чорабинӣ инчунин сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия, масъули татбиқи Қонуни забони давлатӣ дар Вазорати маорифи ҶТ дар мавзӯи «Таҳияи фарҳангу истилоҳоти соҳавӣ омили рушд ва татбиқи забони давлатӣ» баромад хоҳад кард. Доктори илми филология, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Т. Шокиров дар мавзӯи «Истилоҳ ва истилоҳофарӣ-омили ғановати забон» ва доктори илмҳои филологӣ, омӯзгори кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар мавзӯи «Назаре ба истилоҳоти техникии луғати русӣ-тоҷикии нашри соли 1975» маърӯза хоҳанд хонд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






