Таҷлил аз Рўзи байналмилалии пиронсолон
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 1 октябри соли 2013 дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Шўрои ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кўмаки Ташкилоти байналхалқии хайриявии «Ҳелпэйҷ интернейшнл» дар Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти вазорат мизи мудаввар таҳти унвони «Рўзи байналмилалии пиронсолон» баргузор гардид.Зикр кардан бамаврид аст, ки 1 октябр ҳамасола ҳамчун рўзи пиронсолон тибқи қарордоди Ассамблеяи Генералии СММ қабул шудааст. Имсол 23-юмин солгарди он дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд.Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён — собиқадорони ҷангу меҳнат барои дастгирии ҳамарўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуда, барои минбаъд тақвият додани сиёсати иҷтимоии давлат таклифу пешниҳодҳо доданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






