Таҷлили мавлуди Гандӣ дар Бухорои Душанбе
Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо ибтикори Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе зодрӯзи ходими намоёни ҷамъиятию давлатӣ, яке аз шахсиятҳои барҷаста ва муборизи роҳи озодию истиқлоли Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ (1869-1948) таҷлил гардид. Маросими 144 -умин солгарди мавлуди ин шахсияти бузурги таърихӣ дар боғчае, воқеъ дар кӯчаи Бухорои Душанбе, ки дар он нимпайкараи Махатма Гандӣ гузошта шудааст, бо ҳузури кормандони сафорат, донишмандону муҳаққиқоне, ки ба омӯзишу таҳқиқоти таъриху фарҳанги Ҳиндустон машғуланд, инчунин толибилмони макотиби пойтахт барпо шуд. Баъд аз маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи нимпайкараи Маҳатма Гандӣ Аситҳ Бхаттачарҷӣ — Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва дигар иштирокдорони маросим доир ба ҳаёт ва фаъолияти давлатию ҷамъиятии Маҳатма Гандӣ ва нақши барҷастаи ин шахсияти таърихӣ дар роҳи мушарраф гардидан ба озодию истиқлолияти Ҳиндустон сухан карданд. Маҳатма Ганди 2 октябри соли 1869 дар шимоли Ҳиндустон дар волигарии Порбандар дар оилаи руҳонӣ ба дунё омадааст. Дар синни 19 барои гирифтани маълумоти ҳуқуқшиносӣ ба Лондон -пойтахти Британияи Кабир сафар менамояд. Дар соли 1891 ба Ҳиндустон бо диплом бармегардад. Баъд аз ду сол ба Африқои Ҷанубӣ рафта, дар яке аз ширкатҳои тиҷоратии ҳиндустонӣ ба ҳайси ҳуқуқшинос- машваратчӣ фаъолият менамояд. Баъди бозгашт ба ватан дар соли 1915 барои Маҳатма Гандӣ давраи нав оғоз мегардад, ки он ба сарнавишти минбаъдаи ин шахсияти таърихӣ дар роҳи озодихоҳӣ ва мубориза бо хушунатдар кишвараш рабт мегирад. Соли 1921 Маҳатма Ганди роҳбари Конгресси миллии Ҳиндустон мегардад. Маҳатма Гандӣ 30 январи соли 1948 бар асари се тире, ки аз ҷониби террористе ба сӯяш холӣ карда шуд, дар 78 -солагӣ аз олам даргузашт.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






