Таҷлили Рӯзи забони миллӣ дар Анқара
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангиз Раҳимова ). – Чанде беш дар Сафорати Тоҷикистон дар Анқара бахшида ба Рӯзи забони миллӣ ҷамъомади ботантана баргузор гардид, ки дар он Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарифов, ҳамоҳангсози донишкадаҳои Шалола дар Туркия Аҳмад Ипек ва донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар донишкадаҳои олии Туркия таҳсил менамоянд, ширкат доштанд.
Фаррух Шарифов зимни суханрониаш мақоми тақдирсози забон дар шуурнокии миллии мардуми кишварамонро хотирнишон сохт. Назар ба гуфтаи сафир, донистани забони миллӣ аломати эҳтироми миллат ва арзишҳои таърихию фарҳангиро дорад.
Сафир дар бораи имконияти донистани забон сухан карда, зикр намуд, ки дар давраи рушду густариши муносибатҳои байни миллату фарҳангҳо бояд ин забони нобу тавоно бештар мавриди истифода қарор дода ва он барои наслҳои оянда боқӣ гузошта шавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






