Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Маскав

Октябрь 7, 2013 16:54

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 5 октябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон ва донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Маскав Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Маҷлисро масъули бахши фарҳангу маорифи сафорат Муҳаррами Қодирӣ кушода, аз номи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муҳтарам Абдулмаҷид Достиев ва даъватшудагон ҳамаи тоҷиконро бо ин рӯзи мубораку фархунда табрик гуфт. Дар чорабинӣ донишҷӯёни Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Донишгоҳҳои давлатии муносибатҳои байналмилалии шаҳри Маскав, техникии алоқа ва информатика, пӯлод ва пӯлодгудозии шаҳри Маскав, тиббии  номи И.М.Сеченов, молияи назди Президенти Федератсияи Русия ва меҳмонон, муовини декани факултаи байналмилалии Донишгоҳи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Химки Лилит Арутюнова, донишҷӯёни амрикоӣ Эндрю Корубко ва Мария ширкат варзиданд. Гулбонуи Фазлиддин, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии шаҳри Маскав, барандаи ҷаласа, суханро бо шеъри «Забони тоҷикӣ»-и Камол Насрулло оғоз намуд:
Эй забони тоҷикон, хуни равони тоҷикон,
Аз тамоми бенишониҳо нишони тоҷикон.
Ҳуҷҷати фирӯзии аслу ниёи тоҷикон,
Сарҳади пояндаи хоку ҳавои тоҷикон.
  Баъд зимоми суханро Гулбону ба донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Химки Хуршед Муродӣ дод. Мавсуф бо сурудҳои ҷолиби худ дар васфи забони тоҷикӣ хотири ҳозиринро шод гардонид. Донишҷӯи соли дуюми ҳамин донишгоҳ Фарҳод Ҷонмаҳмадзода  бо рақси зебои худ ҳозиринро ба ваҷд овард. Донишҷӯи соли  сеюми Донишгоҳи техникии алоқа ва информатика Суҳроби Охун мақолаи дар бораи таърихи забони тоҷикӣ навиштаи худро қироат намуд.
     Баромадкунандагон сухани олӣ аз бузургвории мардуми хеш заданд, ки намояндаи миллати соҳибзабони куҳананд. Дар сухани хеш иброз намуданд, ки мо порсигӯёни олам бо хиради волойи аз ниёгон меросмонда, бо сарбаландӣ ҳамроҳи мардуми олам арзи вуҷуд дорем. Ҳаким Фирдавсӣ тухми сухан пароганда, Саъдӣ ғазали ноб ва Ҳофиз сухан гуфтаанд, ки аз саодати ҳастии забони миллати тоҷикон шаҳодат медиҳанд. 
      Яке аз муаллифони «Қонун дар бораи забони тоҷикӣ» сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки  барои миллати мо корҳои хеле барҷаста кардааст. Пеш аз ҳама, ў аз парешонӣ мардумро раҳонид, аз хатари нестӣ ҳифз намуда, вуҷуди хешро ба ҳастии миллат пайваст.     
Муовини декани факултаи байналмилалии Донишгоҳи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Химки Лилит Арутюнова аз номи худ ҳамаи муаллимони тоҷикистониеро, ки чунин шогирдони қобил барояшон тайёр кардаанд, табрик гуфт.  
Донишҷӯён Хуршеди Муродӣ ва
 Нозанини Исҳоқӣ, ш. Москва

Октябрь 7, 2013 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд