Талабот ба қарзҳои хурд бештар гаштааст

Октябрь 9, 2013 09:52

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). –   Мувофиқи маълумотҳои оморӣ бақияи умумии қарзҳо дар моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,5 фоиз зиёд мебошад. Таркиби бақияи қарзҳо аз 63,5 фоиз (4’370,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 36,5 фоиз (2’514,1 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад. 
     Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,98 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,63 фоизи солонаро ташкил доданд.    
     Тавре ки аз хадамоти матбуоти  Бонки миллии Тоҷикистон  (БМТ) хабар доданд, чун моҳҳои пеш бинобар зиёд гардидани талабот, ҳаҷми қарзҳои хурд дар давраи ҳисоботӣ ба 3’ 035,9 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 987,0 млн. сомонӣ ё 48,2 фоиз афзуд. Аз ҷумла, 601,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 39,7 фоиз зиёд мебошад. 

Октябрь 9, 2013 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад