Тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо то 3 рӯз
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он масъалаи тамдид намудани муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзадҳои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбаригардида мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни ҷаласа роҳбари Дастгоҳи КМИР Абдуманнон Додоев гузориш дода, зикр намуд, ки муҳлати ҷамъоварии имзоҳо, ки бо Қарори КМИР аз 31 августи соли 2013 таҳти №39 муқаррар гардидааст, имрӯз ба охир мерасад.
Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба КМИР пешниҳод намуданд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида мавриди омӯзиши гуруҳи кории КМИР, ки бо Қарори Комиссия аз 4 сентябри соли ҷорӣ барои санҷиш ва ҳисоби имзоҳо ташкил карда шуда буд, қарор гирифт.
Дар ин раванд аз ҷониби 3 ҳизби сиёсӣ ба КМИР мактуби расмӣ ворид гардидааст, ки дар онҳо дархост оид ба тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо иброз гардидаанд.
Пешниҳодҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар КМИР мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шуд.
Ин иқдоми КМИР танҳо ба хотири таъмини интихоботи демократию озод ва баргузор намудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ бо иштироки васеи номзадҳои пешбаригардида бо мақсади таъмини интихоботи алтернативӣ равона карда шудааст.
Сипас КМИР дар асоси дархости хаттии Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки тибқи он муҳлати ҷамъоварии имзои шаҳравандон ба тарафдории номзадҳои пешбаришаванда то соати 18 00 рӯзи 10-уми октябри соли 2013 тамдид карда шуд.
Инчунин, ба ҳизбҳои сиёсӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тавсия карда шуд, ки ҷамъоварии имзоҳоро то соати 18 00 рӯзи 10 — уми октябри соли 2013 ба охир расонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






