Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар корхонаҳои коркарди пахта
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар асоси дастуру супоришҳои вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта, аз тарафи мутахассисони Сарраёсат дар ҳамкорӣ бо коршиносони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва дигар ниҳодҳои дахлдор ҳафтаи сипаригардида дар хирманҳову нуқтаҳои қабули пахта ва корхонаҳои коркарду нигоҳдории пахтаи вилояти Хатлон бо деҳқонону механизаторон ва коргарону масъулон корҳои пешгирии фаҳмондадиҳӣ доир шуданд.Имсол дар вилояти Хатлон 812 адад хирмани пахтахушккунӣ, 15 нуқтаи қабул ва 45 корхонаи коркарду нигоҳдории «тиллои сафед» пурра фаъолият дорад. Аз тарафи мутахассисони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар ҳамкорӣ бо кормандони РХДО вилояти Хатлон ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар корхонаҳои қабул, коркард ва нигоҳдории пахтаи вилояти Хатлон машғулиятҳои тактикию оташнишонӣ гузаронида шуданд.Чорабиниҳои муштараки гузаронидаи коршиносон ҳамчунин муайян намуданд, ки аз тарафи роҳбарият ва масъулони аксар корхонаҳои вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ, ҷиҳати таъмини бехатарӣ аз сӯхтор тадбирҳои мушаххасе амалӣ гардидаанд. Вале, ба ин нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам дар фаъолияти баъзе аз корхонаҳои қабул, коркард ва нигоҳдории пахта аз тарафи коршиносони СХДО ВКД камбудиҳое ошкор шуданд, ки сари вақт бартараф накардани онҳо метавонистанд боиси ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор гардад. Бинобар ин аз тарафи кормандони ХДО ВКД нисбати 64 нафар роҳбарону масъулон ва барқчиёну механизаторон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 4 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шуда, истифодабарии 12 ҳуҷраи алоҳида ва 60 қитъаҳои барқии оташтаҳдидкунанда муваққатан манъ кардаву безарар гардонида шуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






