Ташкили вохӯриҳои судманд бо ҷавонону наврасон
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Дар асоси нақшаи чорабиниҳо роҳбарияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони маркази ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар макотиби таҳсилоти умумии ҳамагонии №44, №62 ва №21-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо падару модарон ва омӯзгорон суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд.Муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Зебуниссо Холдорбекова аз содиршавии ҷинояту қонуншиканӣ ва дигар амалҳои ношоиставу муноқишаҳои хонандагон ва оқибатҳои ногувори онҳо мисолҳо оварда, падару модаронро ҳушдор дод, ки нисбат ба фарзандонашон беаҳамиятиву бемасъулиятӣ зоҳир нанамоянд ва аз Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бохабар бошанд. Тавре ки аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, чунин вохӯриву суҳбатҳои муфид дар дигар мактабу муассисаҳои таълимии кишвар ба нақша гирифта шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






