Тавсеаи равобити Душанбеву Маскав
Душанбе, 17 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Равобити ҳасанаи Душанбеву Маскав имрӯз дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллӣ ва Игор Лякин Фролов -сафири тозатаъйини Русия дар Тоҷикистон қарор дошт.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дипломати русро барои таъйин гардиданаш ба вазифаи пурмасъулияти сафирӣ табрик намуда, барояш дар фаъолияти дипломатӣ комёбӣ таманно кард.
Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон гуфт, ки робитаҳое, ки аз қаъри асрҳо миёни халқу кишварҳо ибтидо гирифтаанд, дар партави муносибатҳои ҳасанаи роҳбарияти олии Тоҷикистону Русия тақозо менамоянд, ки ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ беш аз пеш ба нафъи халқҳои тоҷику рус тавсеа ёбанд.
Зикр гардид, ки дар марҳилаи феълӣ, робитаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама ҷалби сармояи мустақими Русия ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон таҳким бахшида шаванд. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба ҳамкориҳои гуманитарӣ фаъолияти мустақими филиалҳои донишгоҳҳои Русияро дар омода намудани кадрҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон ҷиҳати зиёд намудани теъдоди мактабҳои русӣ ва курсҳои омӯзиши забони русӣ барои мактабиён ва шаҳрвандони алоҳида дар кишвар, ки дар онҳо мутахассисони рус ба таълим машғул бошанд, масъалагузорӣ намуд.
Инчунин дар мавриди эҳёи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ дар ҳар ду кишвар табодули назар шуда, зарурати андешидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳар ду кишвар махсус таъкид гардид.
Дипломати рус Игор Лякин-Фролов дар навбати худ гуфт, ки зимни фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон дар таҳкими равобити Душанбеву Маскав аз имконоти мавҷуда истифода намуда, саҳми муносиб хоҳад гузошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






