Тоҷикони вилояти Тюмен ҷонибдори Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Тоҷикони минтақаи автономии Ямало-Ненетскии вилояти Тюмен ба ҷонибдории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод, гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори махсуси рӯзномаи «Муҳоҷир» Анвар Юсупов раиси Ҷамъияти умумии тоҷикони минтақаи автономии Ямало-Ненетскии вилояти Тюмен «Сомониён» Ҳамзаалӣ Асоев.Ӯ иброз дошт, ки дар айни замон дар ҷамъияти мо зиёда аз 6 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз онҳо 150 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.Бояд зикр намуд, ки Ҷамъияти умумии тоҷикони минтақаи автономии Ямало-Ненетскии вилояти Тюмен «Сомониён» навтаъсис буда, 2 апрели соли 2012 ташкил ёфтааст. Лозим ба ёдоварист, ки барои дар ин кишвар, махсусан дар шаҳри Новий Уренгой фаъолият намудан иҷозаи махсуси Хадамоти сарҳадӣ лозим аст, ки на ҳама вориди ин шаҳри нафту газ шуда метавонад. Дар айни замон, бо кӯмаки ҷамъияти тоҷикон дар ширкати «Газпром» зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ фаъолият доранд. Ба ғайр аз ин, 250 нафар шаҳрвандони мо дар ширкати «СТЕЛС», ки бо маҳсулоти хӯрокӣ сару кор дорад, фаъолият менамоянд.Дар айни замон аъзои ҷамъияти тоҷикони вилояти Тюмен «Сомониён» бо як ҳисси ватандӯстӣ омодаанд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки тақдири ояндаи давлату миллатамон ҳал мешавад, ба ҷонибдории фарзанди фарзона ва баруманди миллати тоҷик Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷирати ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






