Тренинг барои кормандони маркази матбуоти АНМН
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — 24 октябри соли 2013 дар Агентии назорати маводи нашъаовари (АНМН) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси таълимии серӯза барои кормандони шуъбаи равобит бо ҷомеаи агентӣ ба кори худ шуруъ намуд. Мақсади курси мазкур баланд бардоштани савияи дониши кормандони маркази матбуотӣ дар омода намудани маводи гуногун барои радио, телевизион, сайт ва истифодаи воситаҳои техникӣ барои наворбардорӣ ва аксбардорӣ мебошад. Дар курси омӯзишӣ мавзуъҳои меъёрҳои байналхалқии озодии сухан ва ВАО, базаи ҳуқуқии фаъолияти ВАО дар Тоҷикистон, нақши ВАО дар инъикоси фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва вазифаҳои марказҳои матбуоти мақомоти давлатӣ, имкониятҳои нави ВАО дар дастрасии маълумот вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» омӯзонида мешаванд.Кормандони шуъбаи мазкур масъалаи паҳн намудани ахбори фаврӣ, ташкили нишастҳои матбуотӣ, кор дар шароити буҳронӣ ва истифодаи сайтҳои иҷтимоиро муҳокима менамоянд. Тавре ки аз дафтари матбуоти АНМН хабар доданд, тренинги мазкур бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ташкил гардидааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






