Тренинги мушовирони бахши содирот

Октябрь 29, 2013 14:48

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ).- Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа дар ҳошияи барномаи минтақавӣ бори нахуст дар Тоҷикистон машғулияти мушовирони бахши содиротро доир менамояд. Тавре ки аз намояндагии Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа хабар доданд, дар ҳошияи тренинги «Воситаю усулҳои хидматрасонии консалтингӣ дар бахши содирот» 15 нафар мушовирон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Барномаи тренинг иборат аз баррасии омодагӣ ба содироти амвол, муайян намудани бозорҳои савдо, таҳқиқи вазъи бозорҳо, дарёфти маблағ ва ғайра мебошад. Дар ҷараёни тренинг намояндагони ширкатҳои консалтингии Тоҷикистон барои тарҳрезии стратегияҳои бахши содирот ва расонидани кӯмак ба соҳибкороне, ки амволи худро манзури бозорҳои хориҷӣ менамоянд, малакаю донишҳои зарурӣ пайдо мекунанд. Мақсад аз тренинг тарҳрезии усули консалтингии содироти амвол мебошад.

Октябрь 29, 2013 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд