Вакилон омодагӣ ба 90-солагии пойтахтро баррасӣ мекунанд
Душанбе, 2 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-10 октябри соли равон дар пойтахт иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ин хусус раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Интизор меравад, ки дар иҷлосияи шаҳрӣ маҷмӯи масъалаҳои муҳими вобаста ба ҳаёти шаҳрдорӣ мавриди баррасии вакилон қарор гирад. Дар иҷлосия Насрулло Хайруллоев-муовини аввали раиси шаҳри Душанбе оид ба ҷараёни иҷрои қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Дар бораи вазифаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти батанзимдарории нигаҳдошти чорво ва ҳайвонот дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе» ҳисобот медиҳад. Инчунин гузориши Саиднуриддин Алиев -раиси ноҳияи Фирдавсӣ оид ба ҷараёни иҷрои нақшаҳои омодагии ноҳияи Фирдавсӣ ба таҷлили 90 — солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумхурии Тоҷикистон шунида хоҳад шуд. Дар фарҷоми иҷлосия қарорҳои раиси шаҳри Душанбе тасдиқ хоҳанд гашт.11.24.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






