Вазъи қурби асъори хориҷӣ муътадил аст
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи ҷорӣ қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ каме паст шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8809 -4,8989 сомонӣ қарор гирифт.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар баробари ин, қурбҳои миёна аз рӯи амалиёт бо рубли русӣ ва евро бе тағйир боқӣ монда, мувофиқан ба 0,1498-0,1505 сомонӣ ва 6,5005-6,5157 сомонӣ баробар шуданд.
Имрӯз, 11 октябр қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд 4,8900-4,9000 сомонӣ ва шаҳри Қурғонтеппа 4,8800-4,8900 сомониро ташкил намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






