Вазорат масъул ба таъини муовинони роҳбарони МОИ
Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ахиран палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар мавриди ворид намудани тағйирот ба Низомномаҳои чор минтақаи озоди иқтисодии /МОИ/ кишвар -«Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» қарорҳои марбута қабул кард. Тибқи он минбаъд муовинони роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин менамояд.
Шариф Раҳимзода -вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар назди вакилон масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфт, ки мақсад мутобиқ намудани муқаррароти Низомномаҳои МОИ ба муқаррароти Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар буда, Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мақоми ваколатдори оид ба танзим даровардани фаъолияти ин минтақаҳо ва идораҳои онҳо аст. Вазир зикр кард, ки муовинони роҳбарони МОИ то ин вақт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешуданд, акнун ин ваколат ба роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар вогузор гардид.
Дар ин росто Домуллоҷон Ҷабборов- вакили палатаи поёнии Парлумон мегӯяд, ки лоиҳаи қарорҳои мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Низомномаҳои чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон- «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» ба талаботи қисми 7-и моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» таҳия шудааст. Бо сабаби он ки вазифаи муовинони роҳбарони минтақаи озоди иқтисодӣ ба роҳбарони ташкилотҳои давлатии системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар алоқаманд аст, аз ин рӯ масъалаи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуданашон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаи озоди иқтисодӣ ҳаллу фасл мегардад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






