Вохӯрӣ дар Мастчоҳ

Октябрь 21, 2013 15:30

Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Имрўз бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонон ва ҲХДТ дар доираи нақшаи чорабиниҳои гуруҳи муштараки таблиғотии Ситоди марказии пеш аз интихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идораи роҳсозӣ, коллеҷи омўзгорӣ, литсеи касбӣ-техникии №35-и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд бо доираи васеи насли ҷавон, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии ноҳия вохўриҳо сурат гирифтанд. Дар мулоқотҳо раиси комиҷроияи ҲХДТ Тоҷиддин Ниёзов, узви Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Ҷалолиддин Нуров, раиси Иттифоқи ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров сухан гуфта, аз хизматҳои арзандаву таърихии раҳбари ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд ва аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки сарҷамъона дар интихобот ширкат ва ба номзади арзанда овоз диҳанд.

Октябрь 21, 2013 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш