Вохӯрии Давлаталӣ Саидов бо Навоф Халифа Сарайреҳ
Душанбе, 9 октябр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи ҶТ Давлаталӣ Саидов ҷиҳати баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ бо Сафири Подшоҳии Ҳошимии Урдун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Навоф Халифа Сарайреҳ вохӯрд. Зимни вохӯрӣ Д.Саидов ба меҳмони олиқадр доир ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкории ҷумҳурӣ, фаъолияти кумита, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодии ҷумҳурӣ, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистону Урдун дорои иқтидор ва имкониятҳои зиёди рушди муносибатҳои иқтисодию сармоягузорӣ мебошанд ва бояд онро истифода баранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ тарафҳо баҳри равнақи ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Ҳошимии Урдун омодагӣ ва ҳавасмандии худро баён намуда, раиси кумита ба сафир бастаи маводи таблиғотиро, ки дар худ маълумоти муфассал оид ба қонунгузории ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кутоҳи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва дигар маълумоти зарурӣ дошт, пешниҳод намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






