Вохӯрии довталабон бо интихобкунандагон
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Аз 21 октябр дар ҳамаи 18 минтақа вохӯриҳои номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ бо аҳолӣ ва коркунони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, вохӯриҳои довталабон бо интихобкунандагон то 24 октябр давом карда, дар ҷараёни онҳо номзадҳо барномаҳои пешазинтихоботиашонро баён намуда, ба саволҳои ҳозирон посух медиҳанд ва дар бораи вазъи умумии иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ нақл мекунанд. То имрӯз ҳар номзад дар минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Конидобом, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва ғайра аз 5 то 6 вохӯриҳо ташкил намудаанд. Имрӯз, 24 октябр, дар Қасри «Кохи Рӯдакӣ» — и шаҳри Хуҷанд вохӯрии хотимавии номзадҳо бо аҳолӣ ва намояндаягони ВАО баргузор мешавад. Хотирнишон месозем, ки роҳбари амалкунандаи давлат Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ, академики Академияи миллии илмҳои кишоварзӣ Толиббек Бухориев, роҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунистӣ Исмоил Талбаков, роҳбари Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва роҳбари Ҳизби демократӣ Саидҷаъфар Исмонов довталабон ба мансаби Президенти Тоҷикистон мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






