Вохӯрии Гулнора Ҳасанова бо намояндаи доимии ХБА
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» бо намояндаи доимии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Айдин Бибол, ки нав ба ин вазифа таъйин гардидааст, мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора аз БДА «Амонатбонк» хабар доданд. дар вохӯрии мазкур Айдин Бибол ва Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова атрофи ҳамкориҳои бонк бо хазинаи мазкур ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, ҳамчунин хизматрасониҳои бонк ба мардум ва рушди иқтисодиёти мамлакат ибрози андеша намуданд.
-Масъалаи бозори асъори Тоҷикистон ва ҳамчунин ба танзим даровардан ва пардохпазирии бонк дар Тоҷикистон, анҷоми амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ дар робита ба хизматрасониҳои бонк яке аз мавзуъҳои муҳими баррасикунандаи ҷонибҳо ба шумор мерафт. Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ нақшаи ҳамкориҳои оянда миёни Хазинаи Байналмилалии Асъор ва БДА ҶТ «Амонатбонк» низ баррасӣ гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






