Вохӯрии гуруҳи мобилӣ дар маҳаллаи Шодӣ
Душанбе, 22 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гуруҳи мобилии тарғиботии Ситоди интихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар ноҳияи Шоҳмансур бо сокинони маҳаллаи Шодӣ вохӯрданд. Меҳрубон Мирзоева- шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад, хусусан аз дастовардҳои 7 соли охири кишвар дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа гузориш дод. Зикр шуд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати рӯ ба рушд аст. Ҳамзамон Комилҷон Шамшеров -муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни маърӯзаи худ баргузории интихобот ва пешбарии номзадҳоро бо барномаҳои гуногун барои рушди Тоҷикистон ва умуман шаффофияти маъракаҳои сиёсиро самараи сиёсати Президенти кишвар ва волоияти қонун арзёбӣ намуд. Раҳмонқул Шарифов -ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлияи Вазорати адлияи кишвар дар назди сокинони маҳалла доир ба муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи ҳатмии талаботи қонуни мазкур ибрози андеша намуд. Роҳбари гуруҳи ситоди ҳизбӣ дар участкаи интихоботии №15 Сафаргул Ҳасанова, ки ҳамзамон раисии Шӯрои маҳаллаи Шодиро ба уҳда дорад, аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ёдовар шуд.. Аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроияи /КИ/ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Ҳамида Рӯзиева ба иштирокчиёни вохӯрӣ Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲҲДТдастрас шуд.Дар фарҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон доир ба ҳалли камбудию мушкилоте, ки дар маҳаллаи Шодӣ вуҷуд доранд, пешниҳодҳо ироа сохтанд. Аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки чунин вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар дигар маҳаллаҳои пойтахт гузаронида шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






