Вохӯрии нозирони ИДМ бо номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон – Абдуҳалим Ғаффоров, Саидҷаъфар Исмонов ва роҳбарияти ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президент Исмоил Талбаков вохурданд. Ба фикри нозирон, давраи тарғиботӣ ором ва дар вазъияти демократӣ сурат мегирад. Намояндагони ҳайати нозирон аз як қатор марказҳое, ки дар онҳо роҳбарони комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ба аъзои комиссияҳои қитъавӣ тартиби додани шаҳодатномаҳо, овоздиҳии пеш аз мӯҳлат, ташкили кор дар рӯзи овоздиҳӣ, тартиби ҷамъбаст намудани натоиҷи овоздиҳӣ ва тартиб додани протоколи ҷамъбастиро ёд медиҳанд, дидор намуданд.Нозирони ИДМ ҳангоми дидор аз комиссияҳои қитъавӣ кӯшиш менамуданд, ки ба аъзои комиссияҳо маслиҳатҳои муфид диҳанд. Онҳо барои рафъи нуқсонҳои марбут ба коргузорӣ, тайёр намудани утоқҳои овоздиҳӣ, беҳдошти воқиф намудан аз ҷараёни овоздиҳӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, тавсияҳо доданд. Аъзои комиссияҳо фикру мулоҳизаҳои нозирони ИДМ – ро пазируфтанд.То 28 октябри соли 2013 ба ҳайати нозирон 152 нафар намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Украина, Маҷмааи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Маҷлиси парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Русия, ҳамчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ дохил шудаанд. Ташаккули ҳайати нозирон идома дорад. Тавре ки аз Ситоди ҳайати нозирони ИДМ хабар доданд, Комиссияи марказӣ аз 4 октябри соли 2013 омӯзиши аъзои ҳамаи комиссияҳои интихоботиро роҳандозӣ менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






