Вохӯрии раиси «Амонатбонк» бо котиби Генералии СҲШ
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Субҳи 10 октябр дар Бонки давлатии амонатгузории (БДА) ҶТ «Амонатбонк» вохӯрии раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова бо котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Дмитрий Федорович Мезентсев баргузор гардид ва ҷонибҳо масъалаи «Амонатбонк» ҳамчун бонки раисикунанда дар ҷаласаи Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай дар солҳои 2013-2014-ро баррасӣ намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуотии бонк хабар доданд, чанде қабл ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҷумҳурии Қирғизистон бо пешниҳоди Ҷамъияти Саҳомии «РСК Банк» баргузор гардида буд. Дар ҷаласа протоколе ба имзо расид, ки дар он мақоми Бонки раисикунанда дар Шӯрои навбатии ИБ СҲШ-ро дар солҳои 2013-2014 насиби «Амонатбонк» гашт. Дар ин вохӯрӣ оид ба масъалаи ҳамкориҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир шуд ва масъалаи ҳамкорӣ бо котиботи СҲШ ва ИБ СҲШ низ муҳокима гардид.
Д.Мезентсев атрофи маълумотнокии иштирокчиён ва масъалаи ташкили Бонки Рушди СҲШ ва Палатаи ҳисоби СҲШ бо такя ба дастгирӣ аз ҷониби Тоҷикистон дар Шӯрои навбатӣ ибрози ақида намуд ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро баррасӣ намуд. Ичунин зикр гардид, ки ташкили Бонки рушди СҲШ ин гирифтани мақоми Институти молиявии СҲШ ва маблағгузории лоиҳаҳои байниминтақавӣ, бахусус дастгирии самти иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Дар ҳамин раванд, суҳбат атрофи масъалаи аз тарафи давлатҳои узви СҲШ ҷоннок намудани лоиҳаи ташкили «Институти солимӣ ва дастгирии ҷомеа» баррасӣ шуд, ки лоиҳаи мазкур барои бархурдории мардум аз СҲШ дар давлатҳои узви СҲШ мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Федератсия Русия пешниҳод шуда, дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар амал татбиқ шуда, натиҷаи таҷрибавии хуб додааст. Мақсади пешниҳоди лоиҳаи мазкур расонидани кӯмаки тиббӣ ба аҳолии манотиқи куҳистон, гузаронидани ташхиси тиббӣ, муолиҷа ва ҳамчунин офияти беморон ва ташкили экспедитсияҳои тиббӣ мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






