Вохурии намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо мадади Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 27 октябр дар шаҳри Толяттии вилояти Самара вохурии намоядаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Комилҷон Холов ва раиси Созмони ҷамъиятии «Ватан» — и тоҷикистониён Шароф Азимов бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР хабар доданд, меҳмонон дар оғози суҳбат ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон мароқ зоҳир намуда, аз тағйироти охирин дар бахши муҳоҷирати Қонунгузории федералӣ хабар доданд. Зимни сӯҳбат зарурати риояи ҳамаи меъёру талабҳои қонунҳои кишвари қабулкунанда, ки қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатиро танзим мекунанд, зикр ёфта, ҳамчунин дар бораи интихоботи пешорӯи Президенти ҶТ сухан ронда шуд. Муҳоҷирон даъват шуданд, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда ва ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.Хотирнишон месозем, ки мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихоботии ҶТ, дар қаламрави Федератсияи Русия 24 қитъаи интихоботӣ таъсис ёфтааст, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон метавонанд дар онҳо ба таври озод овоз диҳанд. Ҳамчунин дар маҳалҳои сукунату кори шаҳрвандони Тоҷикистон қуттиҳои махсуси овоздиҳӣ гузошта мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






