Як қадам то раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ
Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Имрӯз дар Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ дар ҳаҷми зиёда аз 1,1 миллиард $ амрикоӣ ё 5,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, мегӯяд Руҳуллоҳ Ҳакимов-муовини вазири молияи кишвар. Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи се ҳадафи стратегӣ -ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Муовини вазири молия афзуд, ки танҳо дар давоми соли 2013 ба иқтисодиёти кишвар 1,6 миллиард сомонӣ маблағҳои грантию қарзӣ ҷалб гардидаанд, ки аз ин 950 миллион сомонӣ ё 60%- аш барои рушд ва таҷдиди роҳҳои мошингард равона шудааст. Аз ин 474 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ ва 476 миллион сомонӣ маблағи грантӣ мебошад.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






