ЮНЕСКО: Дастрасии донишҳои илмӣ тавассути ТИК
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Шуъбаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишварамон ва натиҷагирӣ аз вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли ЮНЕСКО, хонум Ирина Бокова 20-22 августи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии ЮНЕСКО-и Алмаато аз 17 то 19 -уми октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузории семинари омӯзиширо дар мавзӯи “Дастрасии донишҳои илмӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ” ба нақша гирифтааст.
Чуноне ки дар оинномаи ЮНЕСКО омадааст, фаолияти ин Созмон барои инкишофи илм, маориф, фарҳанг ва иттилоот бахшида шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии ЮНЕСКО ин бунёди ҷомеаи бомаърифат ва рушди дастрасии озод ба иттилоот ва дониш тавассути технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ИКТ) мебошад.
Зимни семинари мазкур мавзуъҳои нақши ЮНЕСКО дар рушди муносибатҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасӣ ба адабиёти илмӣ, фарҳангӣ ва техникӣ тавассути технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаҳои рақамӣ ҳамчун усули дастрасӣ ба нашрияҳои илмӣ, имкониятҳои дастрасӣ ба иттилоот бо истифодаи технологияи коммуникатсионию иттилоотӣ баррасӣ мегарданд. Барои иштирок дар семинар зиёда аз 30 коршиносу намояндаи вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони соҳаи илму фарҳанг ва созмонҳои ҷамъиятии кишвар даъват шудаанд.
Шуъбаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО минбаъд низ нақши ЮНЕСКО-ро дар пешравии дастрасии озод ба донишу илм тавассути технологияи навини иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ инчунин, таҳкими муносибатҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ қарор хоҳад дод.
Дар ин бора котиби масъули ин ниҳод Шаҳло Абдураҳимова иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






