Забони тоҷикӣ намирандааст
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар партави нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар ҳамдастӣ бо факултаи филологияи тоҷик дирӯз таҳти унвони «Забон олитарин муқаддасоти миллист» конфронси умумиҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Тавре ки котиби матбуотии донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар конфронс адибони номвари мамлакат Ҳикмат Раҳмат, Мирзо Шукурзода ва Шералӣ Мусо ширкат варзиданд.Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов пиромуни марҳилаҳои мақоми давлатиро соҳиб гардидани забони тоҷикӣ муфассал сухан ронда, гуфт, ки санадҳои зиёде ба тасвиб расидаанд, ки аз кулли шаҳрвандони Тоҷикистон эҳтиром ва бузургдошти забони тоҷикиро тақозо менамояд. Омӯзгорон, ки аз зумраи пешбарандагон ва тавсеабахшандагони забон ҳастанд, бояд бештар ин забонро дӯст доранд ва бо камоли масъулият ба шогирдон тамоми нозукиҳоро ташреҳ бахшанд.А.Раҳмонов бо таассуф зикр намуд, ки то ҳол ҳастанд муаллимоне, ки бо донишҷӯён бо шева суҳбат мекунанд, ҳатто дарсро бо забони шевагӣ мегузаронанд. Ин амал боиси нигаронии амиқ мебошад ва раёсати таълимгоҳ ба устодон ва толибилмон дастури қатъӣ медиҳад, ки дар ҳама маврид ва ҳама макон бо забони тозаи адабӣ сухан гӯянд.Сарвари таълимгоҳ ҳамзамон ба донишҷӯён маслиҳат дод, ки барои беҳтар гардидани нутқи шифоҳӣ ва хаттиашон пайваста китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд.Дар қисмати дуюми конфронс меҳмонон-адибон Ҳикмат Раҳмат, Мирзо Шукурзода ва Шералӣ Мӯсо низ дар ситоиши забони форсӣ-тоҷикӣ суханҳои гавҳарбор ба забон оварданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






