Зиддият байни ду сохтор бартараф гардид
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд дар Тоҷикистон ҷиҳати ба қайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт сертификаткунонии воситаҳои нақлиёт аз байн бардошта шуда, танҳо дар як сол Бозрасии давлатии автомобилӣ /БДА/ санҷиши техникиро мегузаронад. Дар робита ба ин вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» тағийрот ворид намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз сӯи Ҳукумати кишвар ба Парлумон ҷиҳати қабул ироа гардидааст.
Рустам Менглиев -вазири адлияи ҷумҳурӣ зимни ташреҳи лоиҳаи ин қонун гуфт, ки тибқи талаботи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» воситаҳои нақлиёт бояд сертификате дошта бошанд, ки он ба талаботи бехатарӣ, меъёрҳои тиббию -санитарӣ, ҳифзи меҳнат ва экология, стандартҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва шартҳои техникӣ мувофиқ буда, бояд тибқи тартиби қонунӣ аз қайд гузашта бошанд. Ҳамзамон дар асоси моддаи мазкури лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт», воситаҳои нақлиёт бояд ҳам сертификат дошта бошанд ва ҳам аз муоинаи техникии БДА гузаранд. Аз ин рӯ афзуд, вазири адлия, бо мақсади бартарафкунии ҳолати такроршавии санҷиши воситаҳои нақлиёт сертификатсиякунонии воситаҳои нақлиёт аз байн гирифта мешавад. Яъне моддаи 19-и лоиҳаи қонуни мазкур такмил гардида, тибқи тағйирот танҳо муоинаи ҳатмии воситаҳои нақлиёт гузаронида мешавад.
Рустам Менглиев ҳамзамон гуфт, ки қаблан соҳибони воситаҳои нақлиёт бояд ду ҳуҷҷати гузаштан аз санҷиши техникӣ медоштанд. Яъне, ҳар сол ҳам БДА чунин санҷишҳо мегузаронд ва ҳам Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт». Ин сохтор ҳар 6 моҳ чунин санҷишро ба хотири додани сертификат мегузаронд. Ворид намудани тағийрот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» агар аз як сӯ ба соҳибони воситаҳои нақлиёт сабукиҳо орад, аз дигар ҷониб ҷиҳати бартараф намудани зиддияти байни ду сохтор- БДА ва КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт» мусоидат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






