Зиёда аз 87 млн. сомонӣ барқарор ва пардохт гардид
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Назорату санҷишҳои давлатӣ дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ 873 корхонаву муассисаҳои давлатӣ, 191 ташкилотҳои хусусӣ ва 319 субъекти хоҷагидории шакли дигари моликиятро фаро гирифт. Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 9686 адад қонунвайронкунӣ ошкор гардид, ки аз ин 5582 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 2246 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 1326 ҳолат ба масъалаҳои шуғл ва 532 ҳолат ба масъалаҳои нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ иртибот дорад. Тавре ки аз Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, бо мусоидати кормандони Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат, дар ин давра бо назардошти андози суғуртаи иҷтимоии 25 фоиза, ки аз фонди музди меҳнат ҳисобӣ мешавад ва бояд ба буҷаи давлат пардохт гардад, маҷмуан 87 млн. 729,2 ҳазор сомонӣ барқарор ва пардохт карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






