Қабули қонуни нав ба рушди муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд
Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ Ховар, Марзия Саидова).- Танҳо 10% -и кӯдакони Тоҷикистон ба муассисаҳои томактабӣ, яъне боғчаю кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд. Ҳол он ки ин омор дар кишвари ҳамсояамон Қирғизистон 20 % ва дар Беларус 95 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар ҳоле зикр гардид, ки вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷум лоиҳаи қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ-ро баррасӣ ва қабул намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб ва 27 модда иборат буда, таълиму тарбияи томактабӣ ва тартиби гирифтани он, сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур, нақши оила дар татбиқи ин раванд, тартиби ташкил, идора, раванди таълиму тарбия ва таъминоти илмию методии муассисаҳои томактабиро дар кишварамон ба танзим медарорад.
Нурулло Лоиқов -вакили Маҷлиси намояндагон, ки яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур аст, мегӯяд, ки яке аз ҳадафҳои асосии ин қонун фароҳам овардани шароити мусоид ва воситаву имкониятҳо бобати фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабист. Нуриддин Саидов — вазири маорифи ҷумҳурӣ мегӯяд, ки қабули ин қонун барои бунёди боғчаҳо, беҳтар кардани таълиму тарбия ва ҳамчунин бо мураббияҳои касбӣ таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Вазир афзуд, ки барои таъмини муассисаҳои томактабӣ бо мутахассисони ҳирфаӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва донишгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ва Хуҷанду Хоруғ ихтисосҳои педогогика ва психологияи томактабӣ, омӯзгори мусиқӣ ва расмро ташкил намудаанд. Инчунин барои таъсиси факултаи педиатрӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар лоиҳаи қонун ҳуқуқ ва ҳимояи иҷтимоии субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ мушаххас дарҷ гардидаанд. Дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил истифода шудааст. Бояд зикр кард, ки алҳол дар кишварамон беш аз 500 муассисаи томактабӣ ва 700 маркази рушди кӯдакон фаъолият менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






