Қабули стандарти нав

Ноябрь 26, 2013 15:00

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раёсати Бозрасии давлатии авомобилии Вазорати корҳои дохилӣ лоиҳаи стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон СТ ҶТ 1020-2013 «Аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт. Намудҳо ва андозаҳои асосӣ. Талаботи умумӣ» таҳия гашта, баъд аз гузаронидани ташхис аз тарафи мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» қабул гардид ва ба феҳристи давлатии стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2532 дохил карда шуд.  Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки стандарти мазкур намудҳо ва андозаҳои асосӣ, инчунин талаботи техникиро ба аломатҳои давлатии бақайдгирӣ, ки дар воситаҳои нақлиёт устувор (васл, ҷойгир) мешаванд, муайян мекунад. Стандарти давлатии СТ ҶТ 1020-2013 бо стандарти байналмилалии ИСО 7591-82 «Нақлиёти роҳ. Аломатҳои рақамӣ бо сатҳи инъикоскунанда барои воситаҳои нақлиёт ва ядакҳои онҳо. Талаботи техникӣ» ҳамоҳанг шудааст. Яке аз навгониҳое, ки стандарти қабулгардида пешбинӣ намудааст, ин дар қисми тарафи пеши аломати бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёти шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ, таксиҳо, мотосиклҳо, моторолерҳо, мопедҳо ва мотонартҳо ҷойгир намудани чип (тег) мебошад. Дар чипи васлгардида маълумот оид ба воситаи нақлиёт ва мансубияти он ҷойгир карда шудааст. Қабул ва ҷорӣ намудани стандарти мазкур барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо ва сари вақт ошкор намудани вайронкунандагони қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии ҷиноятҳо дар ин самт мусоидат менамояд.

Ноябрь 26, 2013 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш