Қатъи роҳи навбатии интиқоли маводи нашъадор
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди ҷумҳуриро, ки мехост маводи нашъадорро дар ҳаҷми ниҳоят калон бо роҳи қочоқ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ интиқол диҳад, дастгир карданд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ дар қочоқи маводи нашъадор мошини тамғаи «Toyota Corolla», ки таҳти идораи сокини 39-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон боздошт шуд. Дар вақти азназаргузаронии автомобил, дар ҳузури шахсони холис аз боғоҷи он 22 адад баста, ки ранги ҷигарӣ бо бӯи махсус дошт, ошкор ва мусодира гардид. Бастаҳо бо навиштаҷоти арабӣ ороиш ва номгузорӣ шуда буданд.
Ташхиси криминалистӣ нишон дод, ки маводи мусодирашуда ҳашиш буда, вазни умумиаш 22 кило мебошад. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки дастгиршуда барои содир намудани ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор соли 2007 суд шуда, барои ҷинояти содиркардааш чанд сол дар маҳбас буд.
Дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии АНМН ворид карда шуд. Мутобиқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ба дастгиршуда ба муҳлати аз 12 то 20 сол маҳрум шудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Дар айни замон гуруҳи тафтишотию фаврии агентӣ ҷиҳати ошкор ва дастгир кардани дигар ҳаммаслакони ҷинояткори мазкур тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






