Қуттиҳои сайёр барои интихобкунандагони бемор
Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Субҳи имрӯз, 6 ноябр маъракаи овоздиҳии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботӣ оғоз ёфт. Дар ин маъракаи муҳим ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар номзад рақобат мекунанд.
Аз соати 6:00 дар ҳавзаи интихоботии Сино №4, участкаи №25, воқеъ дар бинои ШСХК «Барқи тоҷик» овоздиҳии муташаккилона оғоз ёфтааст.
Тавре ки котиби комиссияи интихоботии участкаи мазкур Нозирҷон Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар участкаи №25 ҳамагӣ 1561 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, то соати 12:00 аллакай 707 интихобкунанда барои номзад ба мансаби Президенти ҶТ овоз доданд. 25 нафар интихобкунандагони участка аввалин маротиба дар интихобот иштирок мекунанд ва ба ин шахсон тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, ки 22 нафар интихобкунандагон аз сабаби беморӣ ва ё дигар сабабҳои узрнок дар интихобот иштирок карда наметавонанд ва барои чунин шахсон қуттиҳои сайёр омода шудаанд, ки пас аз соати 12:00 аъзои участкаҳо бо ин қуттиҳо ба хонаи онҳо рафта, овози онҳоро ҷамъ хоҳанд кард.
Дар ин участка 91 нафар интихобкунандагони синнашон аз 70 боло ва 75 нафар русзабонон ба қайд гирифта шудаанд.
Гуруҳи калони нозирон аз САҲА, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шӯрои Федератсияи Русия омада, ҷараёни интихоботро назорат доранд. Ба қавли нозирон то ин соат ягон камбудӣ дар ин участка ба қайд гирифта нашудааст. Ширкати «Барқи тоҷик» барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳим тамоми шароитро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, участка бо тамоми техника ва маводи лозимӣ таъмин мебошад.
Нозирҷон Ёдгорӣ зикр намуд, ки шумораи овоздиҳандагон ҳар ду соат ҷамъ карда мешавад ва овоздиҳӣ то соати 20:00 идома хоҳад ёфт.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






